ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тафоҳуми номаи муштараки ҳамкорӣ дар заминаи табодули гардишгарӣ Шероз ва шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури мудирикули мироси Фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Форс, масъулони шаҳрдории Шероз, дабири аввали сифорати Тоҷикистон дар Эрон ва бахшҳои хусусии фаъол дар ҳавзаи гардишгарии ду кишвар дар Шерози Эрон имзо шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс мудирикули мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Форс гуфт, Эрону Тоҷикистон аз пешина тамаддуни яксоне бархурдоранд ва эроншаҳр ё эронзамин дар гузашта, пойтахти тамаддунии 33 миллат имрӯзе буда, ки осори он дар кохи Тахти Ҷамшед ба тасвир кашида шудааст.
Муҳамад Собит Ақлидӣ изҳор кард, пешинаҳои муштараки фарҳангӣ ва забони муштараки ду кишвар, боис шуда гардишгарону фаъолони гардишгарии тоҷик, имрӯз дар Шероз эҳсос ғурбат надошта бошанд ва ҳамватанони мо, ки ба таъриху тамаддуни худ ишқ меварзанд низ битавонанд ба кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон сафар кунанд ва бо ҷуғрофиё ва ҷозибаҳои он ошно шаванд.
Вай бо ишора ба бархе аз ҷозибаҳои гардишгарии Форс, унвон кард, ки ҳамаи дунё Эронро бо тахти Ҷамшед ё Персеполис мешиносанд ва ҳамчунин оромгоҳи Машоҳирбузург ҳамчун Ҳофизу Саъдии Широзӣ дар Широз мизбони гардишгароне аз саросар дунёаст.
Мудирикули мироси фарҳангӣ, гардишгарӣу саноеъи дастии Форс изҳор кард ки, баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ ва рӯйдодҳои гардишгарӣ барои муаррифии доштаҳои ду кишвар зарурӣ аст ва фурсати муносиб барои тавсеаи гардишгарии мутақобили Эрону Тоҷикистон фароҳам мекунад.
Қайд карда шудааст, ки ахиран дидорҳои рӯ дар рӯи миёни фаъолони бахшҳои хуссии Тоҷикистону Форс баргузор шуду тафоҳумномаи ҳамкории дуҷонибае дар ин замина ба имзо расид.