“Кадр” намерасад: ҷалби беш аз се ҳазор хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба кор дар мактабҳо

Вазорати маориф мегӯяд имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷалб гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бо мақсади бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат фиристода шуд.
Дар ин бора вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, аз ин шумора 2512 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд, ки 629 нафари онҳо тибқи квота таҳсил намудаанд.
“Инчунин 656 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва хатмкунандагони курсҳои 4-5-и равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Зикр карда шудааст, ки хатмкунандагони равияи омӯзгории ин муассисаҳо тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи кор фиристода шуданд.
Вазири маориф аз норасоии 2500 омӯзгор дар мактабҳо хабар дод
Вазорат таъкид кардааст, ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.
Қайд карда шудааст, ки барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос чораҳо андешида шудааст.
Таъкид гардидааст, ки барои ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин бо кадрҳои дорои таҳсили олии касбӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавадю
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон талаб карда буд, ки масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакатро пурра бартараф намоянд.