ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти яке аз шахсиятҳои маъруфи кишвар, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Низорамо Зарипова ҳамдардӣ кард.
Раисҷумҳури кишвар ба наздикону пайвандони ӯ сабри ҷамил хостааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти президент, номбурда рӯзи 30 ноябр дар синни 101-солагӣ аз дунё даргузашт.
"Низорамо Зарипова солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни мақомоти роҳбарикунанда ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда буд",- афзудааст манбаъ.
Тавре аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, маросими видоъ бо шахсияти сиёсӣ имрӯз, 1-уми декабр дар назди хонааш баргузор мегардад.
"Маросими адои намози ҷаноза пас аз пешин дар масҷиди Сари Осиё сурат гирифта, ҷасади марҳумро дар оромгоҳи ҳамин маҳалла ба хок месупоранд",- афзуд манбаъ.
Низорамо Зарипова соли 1923 дар деҳаи Пахтакори собиқ вилояти Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб (1941) ва Мактаби олии ҳизбии Маскав (1954) мебошад.
Марoум аз соли 1941 дар сиёсат ва корҳои давлатӣ шомил буд аз соли 1966 то 1989 ноиби раиси Шӯрои олӣ ва дар ин миён барои чанд моҳе иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯро, яъне роҳбари давлат будааст.
Ӯ бо тамоми раҳбарони Тоҷикистон, аз ҷумба Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои баланд кор кардааст.