Ид наздик мешавад: Душанберо бо арчаҳои солинавӣ оро медиҳанд — акс

Пойтахти тоҷикон ҳар сол ба муносибати Соли нав зебо оро дода мешавад. Бисёриҳо аз минтақаҳо ба шаҳр меоянд, то зебоиҳои ғайриоддиро тамошо кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Душанбе насби арчаи солинавӣ оғоз шуд. Зебоии солинавӣ пас аз майдони "Истиқлол" дар назди сирки ноҳияи Фирдавсӣ низ насб шуд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Бо вуҷуди гармиҳо, дар Душанбе ба таҷлили Соли нави 2025 омодагии ҳамаҷониба дида мешавад. Дар маркази пойтахт низ ороиши идона овехта шуд.
1 / 2
Новогодняя елка в Душанбе
2 / 2
Продажа новогодних украшений в Душанбе
Сокинон метавонанд дар наздикии макони арчагузорӣ либосҳои зебо ва ороишоти солинавӣ харидорӣ кунанд.
Пойтахти Тоҷикистон ҳар сол чун анъана ба муносибати Соли нав зебо оро дода мешавад.
Бисёриҳо аз минтақаҳо ба шаҳр меоянд, то зебоиҳои ғайриоддии идонаро тамошо кунанд.
Рӯзҳои истироҳат ва ид дар моҳи декабр дар Тоҷикистон: Тақвим
Ҳама — сокинони Душанбеву меҳмонон, хурду калон ба маркази шаҳр мешитобанд, то ки аз тамошои ороиши идона лаззат бибаранд ва аксбардорӣ намоянд.
Мисли солҳои қаблӣ, ин арча тамоми сокинонро ба худ ҷалб карда, ба маркази ҷашнҳои асосии идона табдил меёбад.