Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия ба иншоотҳои низомии Украина бо сад мушаки дақиқ зарба зад

Раисҷумҳури Русия ахиран эълон кард, ки кишвараш ба иншоотҳои низомии Украина бо 100 мушаки дақиқ зарба зад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД гуфт, артиши Русия дар посух ба ҳамлаҳои идомадошта ба қаламрави худ бо истифода аз сад мушак ба ҳадафҳои низомӣ дар Украинаро зарба зад.
Оқои Путин ҳамчунин гуфт, ки мушаки "Орешник" ҳатто ба иншоотҳои хеле муҳофизатшаванда, ки дар зери замин ҷойгир ҳастанд, зарба мезанад ва ҳама чизе, ки дар маркази таркиш ҷойгир аст, ба хок яксон мешавад.
Путин қайд кард, ки Русия ба ҳамлаҳои давомдор бо истифода аз силоҳҳои дурпарвози Ғарб, аз ҷумла идомаи зарбаҳо бо мушаки “Орешник” идома медиҳад.
Русия дорои чанд мушаки "Орешник" дар ихтиёр дорад, ки метавонад онро дар қаламрави Украина озмоиш кунад.
"Орешник" аслихаи катли ом нест, вай аслихаи дақиқ аст ва кулоҳаки ҳастаӣ надорад.
Мулоқоти сарироҳии Раҳмону Путин дар Остона
Ҳоло ҳадафҳо барои ҳамлаҳо ба Украина интихоб мешаванд, ки онҳо метавонанд марказҳои тасмимгирӣ дар Киев бошанд. Русия воситаҳои нобудсозиро вобаста ба хусусияти ҳадафҳои интихобшуда ва таҳдидҳои барои Русия эҷодшуда интихоб мекунад.
Вай илова кард, ки мақомоти Украина ғайриқонунист ва ҳаққи фармон додан ё тела додани мардуми худ ба маргро надоранд