ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ин ҳушдор дар ҷаласаи муштараки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати намояндагони операторҳои алоқаи мобилӣ, “Шаҳри ҳушманд” ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садо дод.
Бино ба иттилое, ки ба Sputnik Тоҷикистон аз маркази матбуотии Хадамоти алоқа, расид, сардори Хадамот Бег Сабур, ба ширкатҳои мобилӣ, ки барои баррасии омодагиҳо ба зимистон, вазъи хизматрасониҳо ва афзоиши шикоёти муштариён даъват шуда буданд, гуфт, афзоиши шикоёти сокинони кишвар аз пастии сифати алоқа ва натиҷаҳои мониторингҳои сифати алоқа дар минтақаҳо, ки бевосита аз сӯи Хадамот сурат гирифт ва таъхиру фориғболии ширкатҳои мобилӣ дар мавридҳои зиёд ин ниҳодро шадидан нигарон кардааст.
“Ҳарчанд давоми чанд соли ахир, ислоҳот ва модернизатсияи соҳаи алоқа ба суръат идома ёфт, аммо боз ҳам ширкатҳо муваффақ нашуданд, ки пӯшиши радиоии сифати алоқаро ба таври бояду шояд таъмин созанд”, - гуфт Бег Сабур.
Вай афзуд, санҷишҳо ҳатто дар шаҳри Душанбе нишон дод, ки сифати алоқа дар бисёре аз маҳалҳои пойтахт ба талабот ҷавобгӯ нест, чӣ расад ба манотиқи дурдасти куҳистонӣ.
“Ин ҳолат моро маҷбур месозад, дар баробари афзоиши таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқа, назоратро аз фаъолияти операторони алоқаи мобилӣ зиёд кунем ва барои бемасъулиятӣ мувофиқи қонунгузорӣ бидуни истисно аз ҷаримабандӣ то кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораандеширо бештар намоем”, - гуфт сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Вай аз намояндаи вазорати корҳои дохилӣ хост, ки ин ниҳод барои назорат аз вазъи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, махсусан фаъолияти бетаъхири истгоҳҳои базавӣ ва масъулиятпазирии масъулини ширкатҳо дар маҳалҳо, бо Хадамоти алоқа ҳамкорӣ кунад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар анҷоми ҷаласа сардори Хадамоти алоқа такроран ба операторҳои алоқаи ҷиддан огоҳӣ дод, ки новобаста аз монеаҳои фасли зимистон ва камбуди қувваи барқ дар маҳалҳо фаъолияти доимии истгоҳҳои базавиро таъмин кунанд ва корҳои амалиро бо мақсади фарогирии васеи радиоӣ ва баланд бурдани сифати алоқа бетаъхир идома диҳанд.