ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Ин ҳолат баъд аз он мушоҳида мешавад, ки тайи як моҳи охир нархи газ беист боло рафта аз 7,4 то ба 8 сомонӣ расида буд.
Ҳоло дар аксар ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишвории нақлиёт (АЗС) дар шаҳру навоҳии мушкили набуди гази моеъ ба вуҷуд омадааст.
Ин ҳолат ҳатто дар тоблӯи ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт мушоҳида мешавад, ки аксаран ба ҷойи нархномаи ин навъи сӯзишворӣ “газ нест” дарҷ кардаанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон чунин тоблуҳоро ба дурвини худ сабт кард.
Роҳбарони ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт ҳолати мазкурро ба мушкили гароншавии воридоти ин навъ сӯзишворӣ шарҳ медиҳанд.
“Тайи ду ҳафтаи охир нархи ҳар кило гази моеъ аз 13,5 то 16 сомонӣ расид. Мо ҳар килоро ба ду литр тақсим мекунем, ки нархи он 8 сомонӣ мешавад. Агар харҷи барқ, андоз, ҳақи коргаронро зам кунем аз 8, 5 сомонӣ ҳам мегузарад. Аз ҳамин сабаб дар аксарият нуқтаҳои фурӯш, гази моеъ нест” – иброз намуд, яке аз роҳбарони нуқтаи ТСН (АЗС) дар ноҳияи Деваштич.
Як ҳафта қабл дар шаҳру навоҳии Суғд низоми реҷавии фурӯши газ ҷорӣ шуда буд . Тибқи он хариддории газ аз соати 23:59 то 08:00 -и субҳ имконпазир буд.
Аммо ҳоло мушоҳида мешавад, ки бо вуҷуди реҷаи маҳдудкунӣ мушкили мавҷуда бартараф нагардида, балки хариддории гази моеъ аз рӯзҳои пеш дида мушкилтар шудааст.
Арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфт?
© Sputnik
Алҳол нархи дигар навъҳои сӯзишвориро ширкатҳо дар навоҳии Суғд муқаррар кардаанд:
Бензини - АИ 95 – 10,6 - 10,9 сомонӣ
Бензини - АИ 92 – 10,4 – 10,5 сомонӣ
Дизел - 11, 4 сомонӣ .
Бино ба маълумотҳои оморӣ кишварҳои Қазоқистону Русия воридкунандаҳои асосии маводи сӯхт ба кишвари Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.