Волвач: Дар тӯли 10 соли ММД-и Иттиҳодияи иқтисодиии АвруОсиё 50% афзоиш ёфтааст

Кишварҳои ИИАО ба чунин натиҷаҳои баланд тавонистанд бештар аз ҳисоби самаранокии системаи мавҷудаи танзими ҳуқуқии фаромиллӣ ноил гарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар тӯли даҳ соли мавҷудияташ қариб 50% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Дмитрий Волвач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия дар ҷаласаи як Конфронси байналмилалии изҳор дошт.
Вай гуфт, ин нишондиҳанда аз 1,63 то ба 2,4 триллион доллар ва гардиши мол миёни кишварҳои иттиҳод ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи муовини вазир, кишварҳои узви ИИАО ба чунин натиҷаҳои баланд тавонистанд бештар аз ҳисоби самаранокии системаи мавҷудаи танзими ҳуқуқии фаромиллӣ, ки ба Шартнома дар бораи ИИАО асос ёфтааст, ба даст оранд.
Муовини вазир қайд кард, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта се ниҳоди Иттиҳодия – Комиссияи иқтисодии Авруосиё, Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё ва Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё – дар маҷмӯъ ҳудуди 400 қарори меъёрӣ қабул карданд.
Дар ИИАО минбаъд зимни хариди давлатӣ кафолатҳои бонкӣ эътироф мешавад
Вай афзуд, ки имсол қариб 250 қарор қабул карда шуд.
“Дар қонуни ИИАО шумораи қоидаҳо, талабот ва тартиботе, ки соҳибкорон дар ҳар як кишвари Иттиҳод бояд риоя кунанд, сол аз сол зиёд мешавад”, - шарҳ дод Волвач.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.