Барқи тоҷик: Дар давраи маҳдудияти дохилӣ ба хориҷ барқ намефурӯшем

Ахиран ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкати “Брешно”-и Афғонистон шартнома дар бораи фурӯши барқ ба ин кишварро ба имзо расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ширкати “Барқи тоҷик” ҷузъиёти созишнома дар бораи фурӯши барқ ба Афғонистонро шарҳ дод.
Ахиран дар кишвари Туркия созишнома байни "Барқи тоҷик" ва ширкати "Брешно"-и Афғонистон барои интиқоли барқ дар соли 2025 имзо шуд.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, чунин созишнома байни ду кишвар ҳамасола баста шуда он аз моҳи май то сентябр амал мекунад.
Ин ниҳод таъкид кард, ки ин созишнома дар вақтҳои ҷорӣ набудани маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон, амал мекунад.
Яъне дар давраи тобистон ҳангоми серобӣ барқ ба кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад.
"Дар ҳамон даврам сер обӣ, дар тобистон, ки об бидуни агрегат беҳуда сарф нашавад. Мо бо ширкати "Брешно" шартнома мекунем ва аз моҳи май то сентябр барқро ба Афғонистон интиқол медиҳем. Ин ба маҳдудияти давраи зимистон ягон алоқамандӣ надорад ва аз даврае, ки маҳдудият дар дохили кишвар шурӯъ мегардад. Тамоми шартномаҳо кори худро қатъ мекунанд" - гуфтанд аз "Барқи тоҷик"
Ширкат таъкид кардааст, ки баъди эълони маҳдудият барқ ба хориҷи кишвар интиқоли он қатъ мегардад.
Имзои қарордоди фурӯши барқ миёни Тоҷикистону ҳукумати Толибон*
Бояд гуфт, ки созишномаи аз сӯи Маҳмадумар Асозода роҳбари "Барқи тоҷик" ва Абдулборӣ Умар роҳбари ширкати "Брешно" дар Туркия имзо шуд.
Бояд қайд кард, ки ҷузъиёти созишнома дастрас нест. Маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2025 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва ба чӣ нарх.
Ёдовар мешавем, ки содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки дар соли 2022 ҷониби Афғонистон барои ҳар кВт/соат 4,67 сент пардохт кардааст.
Истеъмолкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон ва пасон Ӯзбекистон аст.
Қаблан як намояндаи ширкати "Брешно" ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.