Таҷлил аз рӯзи парчам бо ҳузури ҳазорон тан дар Душанбе - акс

Имсол дар Тоҷикистон 32-умин солгарди қабули Парчами давлатӣ таҷлил мешавад. Он расман 24 ноябри соли 1992 тасдик карда шуд
Sputnik
1 / 10

Парчам аз қадимулайём дар таърихи башарият рамзи давлатдорӣ, бузургӣ ва ифтихор, шаъну шараф буд.

2 / 10

Дар Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мешавад.

3 / 10

Дар ин рӯз ҳазорон нафар ба кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон баромаданд.

4 / 10

Раҳпаймоӣ аз майдони Истиқлол, аз назди Осорхонаи миллӣ то Майдони Парчами давлатӣ доир шуд.

5 / 10

Барои таҷлил аз ин ҷашн ҳудуди 20 ҳазор тан афроди касбу кори гуногун ба чорабинӣ омаданд.

6 / 10

Ҳамчунин дар кӯчаҳо ходимони маориф, тандурустӣ, фарҳанг, фаъолон, варзишгарон, омӯзгорон ва донишҷӯён буданд.

7 / 10

Дар Майдони Парчами давлатӣ чорабинии ботантана барпо гардид.

8 / 10

Дар пойтахти Тоҷикистон сутуни парчами баландиаш 165 метр насб шудааст - дуввумин баландтарин парчам дар ҷаҳон.

9 / 10

Дар қисми расмии он ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал иштирок доштанд.

10 / 10

Ин ҷашн аз соли 2009 таҷлил мешавад, аммо бидуни рӯзи истироҳатӣ.