ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд раҳпаймоии идона баргузор шуд.
Ҳазорон нафар донишҷӯён, омӯзгорони донишгоҳҳо ва ходимони давлатӣ барои ширкат дар ин чорабинӣ ба хиёбони Раҳмон Набиев баромаданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ ба майдони Парчам дар соҳили чапи дарёи Сир дар Хуҷанд рафта, ҷараёни таҷлил аз ин чорабиниро наворбардорӣ кард.
Ҳар як иштирокчӣ дар даст парчамҳои хурду калон дошта, дар бораи рамзи се ранги миллӣ ҳамчун рукни давлатдорӣ бо шодӣ шиор мезаданд.
Парчам на танҳо яке аз рукнҳои давлатдорӣ, балки таҷассумгари ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҳар як шаҳрванди бошуури кишвар аст, мегӯяд раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров.
"Омили муҳими муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки парчам рамзи таърих, инъикоси фарҳангу тамаддуни мардум аст", - иброз дошт Нуралӣ Шукуров.
Вай афзуд, сокинони Тоҷикистон парчамро аз ниёгони худ мерос гирифтаанд ва пайдоиши он таърихи хеле қадим дорад.
Имсол дар Тоҷикистон 32-умин солгарди қабули Парчами давлатӣ таҷлил мешавад. Он 24 ноябри соли 1992 расман тасдиқ карда шуд.
Парчам дар баробари Сарқонун, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад.