Тоҷикистону СММ вазъи марзи Афғонистон ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд

Мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони СММ вазъияти сарҳади ҷумҳурӣ бо Афғонистон, инчунин хавфҳои қочоқи маводи мухаддир ва дорувориро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Душанбе масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд, иттилоъ додааст Хадамоти гумрук
Ахиран Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо ҳайати намояндагони минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон мулоқот намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадиро баррасӣ карданд.
Таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳаи амалкунанда дар Тоҷикистон 8 дафтари ҳамкории сарҳадӣ ва 4 Гурӯҳи назорати бандарӣ фаъолият дошта, ба таҳкими ҳамкории дуҷониба мусоидат менамоянд.
“Ҳамчунин масъалаи вазъияти сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин таҳлили хавфҳои қочоқи маводи мухаддир ва доруворӣ таъкид гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
“Ҷинояткорон, на террористон” - тафсилоти куштору захмӣ шудани чиниҳо
Хуршед Каримзода дар ин дидор таъкид кардааст, ки мақомоти гумрук ҳамеша омода аст бо Намояндагии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба ҳама масъалаҳои стратегии барномаҳое, ки аз ҷониби ин Созмон амалӣ мегарданд, ҳамкории зич кунад.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобили судмандро вобаста ба самти фаъолияти гумрукӣ дар Тоҷикистон муҳим донистанд ва барои тақвияти ҳамкории баъдӣ ибрози омодагӣ намуданд.