ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, зимни суханрониаш дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ аз талошҳо ва саҳми шахсии Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия таъкид кард.
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хонуми Матвиенкоро ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба мақоми раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ табрик кард.
"Мо дар Тоҷикистон кӯшишҳои пайваста ва саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими тамоми доираи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ миёни Тоҷикистону Русия хеле қадр мекунем", - таъкид кард Рустам Эмомалӣ.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қайд кард, ки интихоби дубора ба ин мақом боз як далели эътирофи саҳми Матвиенко дар рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар ИДМ мебошад.
"Фаъолияти шумо дар тӯли чанд сол дар ин мақом намунаи муносибати содиқона барои мусоидат ба ҳамкории самарабахши кишварҳои узви ИДМ ва вакилони парлумони онҳост”, - гуфт ӯ.
Раиси порлумони Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки таҳти раҳбарии Матвиенко Асамблеяи байнипалумонии ИДМ кори худро “ба таҳкими сулҳу субот ва шукуфоӣ дар саросари Иттиҳод” идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 21 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Туркманистон иштирок намуданд.
Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор масъалаҳо, аз ҷумла фаъолияти Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ ва мақомоти кории он, Муроҷиати Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба ва дигар масоили ҷориро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуд.