ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко таъкид кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар арсаҳои гуногун тамоюли устувори рушд дорад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мулоқот мазкур дар ҳошияи ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифт.
Таъкид шудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо аз тамоюли устувори рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарламентии Тоҷикистон ва Русия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамчунин тарафҳо зарурати истифодаи пурраи зарфият ва имконоти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим донистанд.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо масоили дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 21 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Туркманистон иштирок намуданд.
Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор масъалаҳо, аз ҷумла фаъолияти Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ ва мақомоти кории он, Муроҷиати Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба ва дигар масоили ҷориро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуд.