Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Белоусов: Сарбозони Русия беҳтарин қисмҳои низомии артиши Украинаро нобуд карданд

Вазири дифои Русия гуфт, ки артиши Русия беҳтарин қисмҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карда барномаҳои онҳоро барои соли 2025 аз байн бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Нерӯҳои Русия беҳтарин қисмҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи масъулияти гурӯҳи шимолӣ шикаст доданд, гуфт вазири дифои Русия Андрей Белоусов.
"Ин коре, ки мо ҳоло анҷом додем, дар ин ҷо беҳтарин қисмҳо нобуд шуданд, дар воқеъ, тамоми нақшаҳои соли 2025-ро аз байн бурдем" гуфт Белоусов.
Ӯ дар маркази идораи низомиён маҷлис гузаронда, гузориши фармондеҳонро шунид.
Фармондеҳи гурӯҳ генерал-полковник Александр Лапин дар бораи рафти иҷрои супоришҳои ҷангӣ ва мушаххасоти истифодаи ҳавопаймоҳо, тӯпхонаӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин гузориш дод.
Белоусов дар яке аз пойгоҳҳои муваққатӣ ташкили тайёрии ҷангиро санҷида, мукофотҳои давлатӣ супурд.
Ҳушдори Путин ба Ғарб ва озмоиши мушаки нави фаросавтии “Орешник”
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.