Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербург шуд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Русия сафар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги русия шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Рустами Эмомалӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Пулково раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро намояндагони расмии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия ва шаҳри Санкт-Петербург, Сафири Тоҷикистон дар Русия ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Рустами Эмомалӣ озими шаҳри Санкт-Петербург шуд: Чаро?
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли гузашта дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуда буд, ки дар он ҳам Рустами Эмомалӣ ширкат карда буд.
Дар кори ҷаласа роҳбарон ва аъзои ҳайати парламентии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок хоҳанд кард.