ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Артиши Русия яке аз гурӯҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро, ки дар минтақаи Ҷангали Олговский вилояти Курск муҳосира шуда буданд, аз комилан нобуд карданд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
"Нест кардани гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки дар минтақаи Ҷангали Олговский муҳосира шуда буданд, ба анҷом расид", - омадааст дар гузориш.
Вазорат қайд кардааст, ки нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ дар наздикии 22 деҳаи вилояти Курск, инчунин 6 деҳаи аҳолинишини вилояти Сумаи Украина ба ҳайати шахсӣ ва техникаи артиши Украина зарба заданд.
Ба гузориши вазорати дифои Русия, артиш дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як рӯз беш аз 400 ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.