Рӯзи 18 ноябр майдони Регистони Самарқанд серодам буд. Донишҷӯён, варзишгарон, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ташкилотҳо ва сокинони маҳаллӣ ба ин ҷо шитофтанд, то на танҳо тамошо кунанд, балки дар раҳпаймоии идона бахшида ба 33-солагии Рӯзи парчами давлатии Ӯзбекистон ширкат варзанд.
Намояндагони ҳукумати шаҳр ба ҳама байрақҳо супурданд.
Намояндагони Идораи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва сайёҳии бехатар ба шаҳрвандони хориҷӣ нақл карданд, ки рангҳо, ситораҳо ва ҳилол дар парчами ҷумҳурӣ чиро ифода мекунанд.
Раҳпаймоӣ дар майдони Кӯксарой, дар пояи сутуни парчами 60-метра бо барномаи ҷолиби мусиқӣ анҷом ёфт.