ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҷаборалӣ Зокирӣ мудиромили роҳи оҳани Эрон дар ҳошияи 81-умин иҷлоси Шӯрои ҳамлу нақли рейлӣ кишварҳои ҳамсуд, ки ахиран дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, бо Комил Мирзоалӣ мудиромили роҳи оҳани Тоҷикистони дидору гуфтугӯ кард.
Зимни мулоқот тараҳои бар лузуми дидорҳои мустамари коршиносону мудирон миёни роҳи оҳани ду кишвар таъкид карданд.
Ҷаборалӣ Зокирӣ дар ин дидор бо таъкид бар лузуми афзоиши ҳамлу нақли рейлӣ байни Эрону Тоҷикистон ба вижаи ҳамлу нақли борҳои тронзитӣ, гуфт, ки мулоқотҳои мустамар бо ҳузури коршиносон ва мудирон миёни ду роҳи оҳан зарурат дорад то аз тариқи ин дидорҳо, мавонеъи ҳамлу нақли рейлӣ байни ду кишвар мушаххас ва ҳал шавад.
“Беҳтар аст, вагонҳое ки аз тарафи роҳи оҳани Туркманистон мавриди қабул воқеъ шуданд барои сайр дар роҳи оҳани Тоҷикистон низ эъзом шаванд”, - таъкид кард вай вобаста ба мавзӯи сайри вагонҳои бории Эрон дар қаламрави Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Комил Мирзоалӣ раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ бо истиқбол аз пешниҳодҳои Зокирӣ, хостори коҳиши таруфаи рейлӣ ҳамли бор ба вижа нафт аз Эрон ба Тоҷикистон шуд.
Вай ҳамчунин аз вуҷуди теъдодии Локомотиви GE дар роҳи оҳани Тоҷикистон ниёз ба кумаки фаннии коршиносони Эрон барои таъмири ин Локомотивҳо хабар дод.