СПАД бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза хоҳад бурд

Муовини дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъи (СПАД) гуфт, ба ин ҳадаф аъзои ин созмон аллакай созишномаи ҳамкорӣ омода кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Тарҳи созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ омода шудааст, гуфт муовини дабири кулли СПАД Валерий Семериков.
"Низоми мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар СПАД сол то сол такмил меёбад, аммо дар баробари ин гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ шаклу усулҳои муҳоҷирати ғайриқонуниро такмил медиҳанд, каналҳои нав мекушоянд", - гуфт Семериков дар конфронси байнулмилалӣ дар Минск.
Вай афзуд, ки Самаранокии заминаи қонунгузориро дар сатҳи миллӣ бояд такмил дод.
Номбурда қайд кардааст, ки лоиҳаи созишномаи мазкур дар заминаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия шудааст ва кишварҳои узви СПАД ният доранд онро соли 2025 ба баррасии мақомоти қонунгузор ва Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод намоянд.
Зимни амалиёте дар кишварҳои СПАД садҳо кило маводи мухаддир ва лавозимоти ҷангӣ ифшо шуд
Семериков ҳамчунин таъкид кардааст, ки "мушкилоти умумии муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд тавассути талошҳои муттаҳидшуда бо истифода аз зарфиятҳои тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳал карда шавад”.
Ёдовар мешавем, ки ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъи (СПАД) Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомилмебошанд.