Ифтитоҳи иншоотҳо дар Суғд идома дорад: Раҳмон аз Бӯстон ба ноҳияи Б.Ғафуров рафт

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Суғд баъд аз ифтитоҳи чанд иншооти муҳим ба самти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоят равон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ кард.
Технологияи корхона аз Чин ворид карда шуда, имкон дорад, ки дар як моҳ то 5 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карда шавад.
Ҳамчунин ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи иншооти нави бунёдшаванда аз сӯйи ширкати “Зари Суғд” муаррифӣ карда шуд. Навсозии минтақаи холискории металҳои қимматбаҳо, лоиҳаи коркарду безараргардонии партовҳои радиоактивӣ, бунёди Маркази муосири логистикӣ, таъсиси корхонаи муштараки коркарди қоғазпора ва истеҳсоли маҳсулот аз он, коргоҳи тавлиди зарф ва қубурҳои полиэтиленӣ ва бунёди ду бинои баландошёнаи истиқоматию хизматӣ аз ҷумлаи нақшаҳои ояндаи корхона мебошад.
Сипас раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равон шуд.
Дар ин минтақа роҳбари кишвар ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшиданд.
Идомаи сафари президент ба Суғд: Раҳмон аз Истаравшан ба Бӯстон рафт
Корхонаи нави истеҳсолӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Ҳамчунин раисҷумҳуи кишвар дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи парандапарварии ширкати "Назар"-ро ба истифода дод.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи бештар аз 11 миллион сомонӣ сохта шудаааст.
Эмомалӣ Раҳмон сипас дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли ширкати “Фароғатбону” оғоз бахшиданд.
Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Парвиз Ҷӯраев сохта шуда, 20 намуди пойафзоли мардона истеҳсол менамояд.
Ҳамчунин президенти кишвар дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, дар майдони 7 гектар дар муҳлати бештар аз 1 сол мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расидааст.