ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Рӯзи дуюми сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз шуд.
Дар ин ҷой ӯ нахуст Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро боз кард, хабар дод котиботи раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, маркази ташхису табобатӣ аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасониҳои тиббиро дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд.
Гуфта мешавад, ки иншооти чаҳорошёна бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
"Дар марказ шуъбаҳои амрози асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мавҷуд буда, дар он табибони баландихтисос ва дорои сертификатҳои байналмилалӣ, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмӯъ 50 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд",- афзудааст манбаъ.
Дар ин макон ҳамзамон ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ултрасадоӣ, сабти барқии майнаи сар, инчунин ҳуҷраҳои табобати зарбаи мавҷӣ, томографияи компютерӣ, даруннигорӣ, толори обутоби бадан ва дорухонаи муосир мавҷуд мебошад.
Кормандони маркази навбунёд бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ ташхисҳои рентгени рақамӣ, таҳлили лабораторӣ ва лазерӣ-косметологӣ гузаронида, табобати беморонро бо муми кӯҳӣ, усулҳои барқӣ ва маҳси вакумӣ ба роҳ мемонанд.
Маркази ташхисию табобатӣ дар як вақт метавонад ба 90 нафар хизмати хубу босифати тиббӣ расонад.
Маврид ба зикр аст, ки сафари кишвардор ба шимоли ҷумҳурӣ то фардо давом карда, имрӯз кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон ва бархе роҳҳои шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳдудиятҳои ҳаркат пешбинӣ шудааст.