Сафари сайёҳон дар ҳудуди ИИАО осонтар мешавад

Харитаҳои хатсайрҳои Авроосиё барои сайёҳон имкон медиҳад, ки гардишгарон ба осонӣ ва қулай сафарҳои худро ба кишварҳои ИИАО ба нақша гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё харитаҳои муштараки хатсайрҳои сайёҳӣ роҳандозӣ шуданд.
Ин ба кишварҳои созмон дар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва рушди бозори хидматрасонии сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раёсати Комиссияи иқтисодии Авруосиё.
"Харитаҳои масир ба сайёҳон имкон медиҳанд, ки сафарҳои худро ба кишварҳои ИИАО ба осонӣ ва қулай тарҳрезӣ кунанд, инчунин ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва афзоиши гардиши сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард", - гуфт Ернар Бакенов, директори департаменти рушди тиҷорати КИАО.
Гуфта мешавад, ки харитаҳои масир дар асоси пешниҳоди кишварҳои иттиҳод таҳия шудаанд.
Дар роҳбаладҳо маълумот дар бораи 419 макони сайёҳии Авруосиё, 38 самт, инчунин усулҳои ҳамлу нақл мавҷуданд.
Дар ИИАО шумори бекорон кам шудааст
Раёсати КИАО инчунин ба кишварҳои созмон тавсия додааст, ки ин харитаҳоро ҳангоми кор дар самти густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва рушди бозори хидматрасонӣ ба инобат гиранд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки созмон масъалаи лағви роумингро дар кишварҳои узви худ баррасӣ мекунад. Он дар семоҳаи аввали соли 2025 хомӯш карда мешавад. ИИАО бори аввал дар бораи ин тартиб соли 2023 гузориш дода буд.