Раҳмон ба Суғд рафту нахуст аз Истаравшан дидан кард

Раисҷумҳур баробари вуруд ба Суғд аз Истаравшан дидан карду дар чаҳор ноҳия мактабҳоро ҳузуриву фосилавӣ ифтитоҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҳадаф шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Боздиди кории президент аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфта, ӯ нахуст бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарасторро ифтитоҳ кардааст.
Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш тарҳи муосир дошта, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Дар маҷмуъ 20 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус метавонанд донишу ҳунар, истеъдод ва эҳсоси худшиносии тарбиятгирандагонро дар шароити мусоид тақвият бахшанд.
Иншооти варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талабот бунёд шудааст ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба машқу тамрин замина мегузорад.
Зиндагии тарбиятгирандагон дар хобгоҳи дорои шароити сатҳи баланд интиҳои ташвишу нигаронии онҳо шуда, ба камолоти онҳо дар муҳити солим замина мегузорад.
Раҳмон ба Суғд меравад: Эълони се рӯзи роҳбандӣ дар вилоят
Дар ҳаминҷо Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 дар деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан, аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Муассиса дорои 11 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 30 нафар омӯзгори соҳибтахассус метавонанд раванди таҳсили хонандагонро дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Пас аз ифтитоҳи биноҳо Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ кӯдакону наврасони ятим мулоқот намуда, ҳамзмон ба 120 нафар наврасону ҷавонони ниёзманд маҷмуи сару либос, ширинӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.