Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ҳамлаи густурдаи артиши Русия ба корхонаҳои ҳарбӣ-саноати ва фурудгоҳҳои и Украина

Ҳамалоти қавии артиши Русия бо аслиҳаи дақиқи дурпарвоз, ҳам аз ҳаво ва ҳам дар баҳр ва инчунин бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҳуҷумӣ сурат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Артиши Русия субҳи рӯзи якшанбе бузургтарин ҳамлаи ҳавоиро ба Украина анҷои дод.
Ба гузориши вазорати дифоъ, зарбаҳо ба зерсохтори фурудгоҳҳои низомӣ ва иншооти тавлиди газ, ки барои таъмини фаъолияти маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Украина истифода мешаванд зада шуд.
"Инфрасохтори фурудгоҳҳои низомӣ, истихроҷи газ ва энержӣ, ки барои фаъолияти корхонаҳои маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Украина истифода мешаванд, анбори ҳавопаймоҳои пилотӣ, инчунин нуқтаи тамаркузи нерӯҳо ва техникаи ҳарбии душман дар 144 ноҳия мавриди ҳадаф қарор гирифтанд", — омадааст дар хабари вазорат.
Тавре Вазорати дифоъ тавзеҳ дод, зарбаҳо бо истифода аз ҳавопаймоҳои оперативӣ-тактикӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳамлакунанда, нерӯҳои мушакӣ ва тӯпхонаҳои гурӯҳҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия анҷом дода шуданд.
Артиши Русия вориди маркази шаҳри Курахово шуд
Илова бар ин, низомиёни мо бо аслиҳаи дақиқи дурпарвоз, ҳам аз ҳаво ва ҳам дар баҳр ва инчунин бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҳуҷумӣ зарбаи густурда анҷом доданд.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, зарба ба ҳама ҳадафҳои пешбинишуда зада шуд.
Дар пайи зарбаҳои фавқулода дар Украина қатъи барқ сурат гирифт.
Вазорати хориҷаи Украина таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия "яке аз бузургтарин ҳамлаҳои ҳавоӣ"-ро бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо анҷом доданд.