ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тоҷикистон омода аст имкони ҳамгироӣ ба тарҳи долони сабз миёни Озарбойҷон, Қазоқистон ва Узбакистонро баррасӣ кунад.
Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 29-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ дар бораи тағирёбии иқлим (COP29) дар Боку дар шарҳи хабар ба Trend.az изҳор дошт.
"Ин як лоиҳаи хеле ҷолиб аст, ҳарчанд ҳамкорони мо то ҳол бо пешниҳоди расмӣ ба мо муроҷиат накардаанд.Мушаххас аст, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз қабили Тоҷикистон ва Қирғизистон, чунин иқдомҳо муҳим буда, рушдро тақозо мекунанд. Мо умуман омода ҳастем, ки ин масъаларо баррасӣ кунем”, - қайд кард ӯ.
Вазири энергетикаи Тоҷикистон афзуд, дурнамои эҷоди долони "сабз" хеле умедбахш аст.
"Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон ва Покистон лоиҳаи CASA-1000-ро амалӣ мекунад, ки дар доираи он 1 ҳазор МВт нерӯи сабз аз Осиёи Марказӣ ба Покистон интиқол дода мешавад. Ин лоиҳа технологияи пешрафтаро истифода мебарад. Бовар дорам, ки дар ин замина мо метавонем таҷрибаи худро мубодила кунем”, - таъкид кард ӯ.
Қаблан маълум шуд, ки Озарбойҷон, Узбекистон ва Қазоқистон созишномаи байниҳукуматӣ оид ба татбиқи лоиҳаи долони сабзро имзо карданд.
Ин ташаббус ба афзоиши даромад, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба таври назаррас коҳиш додани партовҳои карбон дар ин давлатҳо кӯмак хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 ноябр дар Боку Конфронси СММ оид ба тағирёбии иқлим, ки бо номи COP29 маъруф аст, оғоз ёфт. Он то 22-юми ноябр давом мекунад.
Ҳадафи чорабинӣ маҳдуд кардани миқдори гази карбон дар ҷаҳон аст.
Соли ҷорӣ COP-29 намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳонро ҷамъ овард, ки дар ҷараёни конфронс роҳҳои ҳалли муассир барои мубориза бо таъсири манфии гармшавии глобалӣ ва мутобиқ кардани рӯзномаи сабзро баррасӣ мекунанд.