ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Шариф Раҳимзода Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар як мақолаи худ навиштааст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳисороти азиме расонид, ки оқибатҳои зарар бештар аз 10 млрд. доллар арзёбӣ мешавад.
“Он аз буҷети соли 1995, ки қариб 95 млн. долларро ташкил мекард, 105 маротиба зиёд буд”, - қайд кард Раҳимзода.
Вай дар мақолаи худ таъкид кардааст, ки дар 5 соли давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз се ду ҳиссаи иқтисодиёти кишвар нобуд шуд.
“Хусусан соҳаи саноат, ки пешбарандаи иқтисодиёт ва ташаккулдиҳандаи синфи миёнаи ҷомеа мебошад бештар зарар дид”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки сатҳи зиндагии мардум коҳиш ёфта камбизоатӣ зиёда аз 83 фоизро ташкил намуд.
“Заводу фабрикаҳо аз кор бозмонда шумораи бекорон якбора афзуд. Аз мамлакат куч бастани мутахассисон ва тарк кардани он аз ҷониби қисми аҳолӣ вобаста ба мушкилиҳои ҷанги шаҳрвандӣ боиси кам шудани захираҳои меҳнатӣ гардид”, - зикр кард собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Вай ҳамчунин навиштааст, ки солҳои охири Иттиҳоди Шуравӣ вобаста ба мушкилиҳои азбайнравии он ва як соли давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон вобаста ба таъсири бесобиқаи ҷанги шаҳрвандӣ аксари корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ аз фаъолият бозмонда буданд.
“Соли 1992 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 32,4 фоиз коҳиш ёфт, ки дар таърихи садсолаи охир назир надошт. Идомаи ин раванд бешак боиси шикасти пурраи иқтисодиёт, бекорӣ, гуруснагӣ, тақсими кишвар ба қисмҳои алоҳида ва аз байн рафтани давлати ягонаи тоҷикистониён мегардид”,- қайд кардааст собиқ вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Вай афзудааст, ки коҳиши бесобиқаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, якбора аз байн рафтани шумораи зиёди ҷойҳои корӣ, куч бастани мутахассисони баландихтисос аз мамлакат, бо худ бурдани таҷҳизоти қисме аз корхонаҳои кишвар, фалачшавии инфрасохтори истеҳсолӣ ва мушкилиҳои дигар вазъи молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолиро пайваста бадтар кард.
Оқои Раҳимзода таъкид кардааст, ки аввалин қадамҳои ҳукумати навташкили конститутсионӣ ба роҳ мондани идоракунии мамлакат, таъмини амният ва шароити имконпазир барои фаъолияти корхонаю хоҷагиҳо ва мардум буд.
“Қарорҳои саривақт қабулкарда ва чорабиниҳои зарурӣ имкон дод, то корхонаю хоҷагиҳо ба тадриҷ фаъолияти худро ба роҳ монанд, ки дар аввал он боиси сустшавии раванди коҳиши иқтисодиёт ва баъдан рушди батадриҷи он гардид”, - қайд кард Шариф Раҳимзода.