Вузарои дифои кишварҳои ИДМ дар соли 2025 беш аз 120 чорабинии муштарак баргузор мекунанд

Вазири дифои Русия дар нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ ба баланд бардоштани қобилияти ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Иттиҳод таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Вазири дифои Русия Андрей Белоусов дар доираи нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ гуфт, вузарои дифои кишварҳои узви Иттиҳод соли оянда беш аз 120 чорабинии муштарак баргузор хоҳанд кард.
"Имрӯз мо натиҷаҳои кори имсоларо ҷамъбаст намуда, зиёда аз 120 чорабиниро барои соли 2025 ба нақша гирифтем. Мо ба Консепсияи ҳамкориҳои низомӣ дар доираи ИДМ то соли 2030 таваҷҷуҳи зиёд додем. Ман қайд мекунам, ки он ба баланд бардоштани қобилияти ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ нигаронида шудааст”, — гуфт Белоусов.
Ба гуфтаи ӯ, дар бораи такмили системаҳои муштараки низомӣ, аз ҷумла, системаи ягонаи давлатии идентификацияи радарӣ, системаи ягонаи иттилооти ҷуғрофии ҳарбӣ ва системаи ягонаи дифои зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ тасмим гирифта шудааст.
"Барномаи муштараки омодагии ҷангии нерӯҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар соли ояндаро тасдиқ кардем Барномаи омодагӣ ба таҷлили 80-солагии Ғалабаи бузург ва баргузории Спартакиадаи IV ҳарбии артишҳои дӯстро бахшида ба ин сол тасдиқ кардем. Мо ба мувофиқа расидем, ки бо ҳамкории минбаъда бо кишварҳо ва созмонҳои мухталиф ба таъмини субот дар минтақаи АвруОсиё мусоидат кунем”, - гуфт вазири дифои Русия.
Кишварҳои ИДМ консепсия ҳамкории низомӣ то соли 2030-ро таҳия доранд
Вазири дифои Русия ҳамчунин қайд кард, ки таъмини амнияти минтақавӣ муҳимтарин самти фаъолияти муштараки сохторҳои низомии кишварҳои ИДМ мебошад
"Муҳимтарин самти фаъолияти муштараки мо дар соҳаи низомӣ таъмини амнияти минтақавӣ мебошад, ки раисиҷумҳури Русия дар соли ҷорӣ ва нақшаи чорабиниҳое, ки Вазорати дифои Русия таҳия кардааст, ба ин мақсад равона карда шудааст", - гуфт Белоусов.