ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин таҳти роҳбарии сардори Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тзсянсу Чан Хепин ба Тоҷикистон омаданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ахиран вазири корҳои дохила Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин тмулоқот кард.
Рамазон Раҳимзода дар ин дидор, изҳор дошт, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷиҳати таҳким бахшидани робитаи дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ гардид.
Ҳамчунин тарафҳо, вобаста ба омода намудани кадрҳои баландихтисос, расонидани кӯмаки техникию коммуникатсионӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карданд.