Абдуқодирзода ба ҷои Абдуқодирзода: шарҳи мавъизаи писари муфтӣ

Кумитаи дин мавъизаи писари раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ҷои падараш дар намози ҷумъаи гузаштаро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар наворе аз Маркази исломии Тоҷикистон дар Ютуб дида мешавад, ки Абдухолиқ Абдулқодирзода, имоми Масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ба ҷои падараш Саидмукаррам Абулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё муфтии Тоҷикистон дар намози ҷумъаи 8 ноябр мавъиза мекунад.
Дар маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, дар шарҳи мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, таҷрибаи мавъиза ё амри маъруф ба ҷои як имоми дигар дар масоҷиди Тоҷикистон роиҷ аст.
“Дар сохторҳои масоҷиди ҷомеъ дар баробари имомхатиб, имомон низ фаъолият мекунанд, ки аксаран намозҳои панҷвақтаро имоматӣ мекунанд. Абдухолиқ Абдулқодирзода низ имоми ҳамин масҷид аст“, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, имомоне, ки донишу фаҳмиш ва нутқи хуб доранд, ҳамчунин метавонанд ба ҷои имомхатиб мавъиза ё амри маъруфи намозҳои ҷумъаро низ анҷом диҳанд.
“Ҳафтаи гузашта худи муфтӣ намози ҷумъаро имоматӣ карданд ва писарашон мавъизаро анҷом доданд. Ин таҷриба дар тамоми масоҷиди ҷомеъи дигар низ дида мешавад”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳо ба ин ишора мекунанд, ки Абдухолиқ Абдулқодирзода, писари раиси Шӯрои уламо ва ё муфтии Тоҷикистон, эҳтимол дорад ҷойгузини падар шавад.
Ҳамла ба муфтии Тоҷикистон: авбошӣ ё террористӣ?
Дар наворе, ки Маркази исломии Тоҷикистон нашр кард, Абдухолиқ Абдулқодирзода дар минбари Масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб, ки масҷиди марказии Тоҷикистон аст, дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбат карда, аз онҳо даъват мекунад, ки ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ напайванданд ва ба фаъолиятҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ нашаванд.
Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода баъди намози асри 11 сентябр мавриди ҳамлаи як ҷавон дар саҳни масҷиди марказии Душанбе қарор гирифт, ки дар пайи он, бино ба иттилои расонаҳо, аз ноҳияи гардану пешонӣ ҷароҳати сабук бардошт.
Вазорати корҳои дохилӣ ҳамон рӯз эълон кард, ки ҳамла аз ҳиссиёти авбошӣ сурат гирифтааст, аммо ҳуввияти шахси ҳамлаварро ошкор накард.
Баъд аз як моҳи муфтии Тоҷикистон дар ҳоле, ки дар пешониаш осори ҷароҳат ба назар мерасид, зимни як мавъиза дар намози ҷумъа ҳодисаро шарҳ дода, гуфт, ки нафари ҳамлаварро намешиносад ва фақат ин маълум аст, ки падараш муаллим ва модараш фарроши мактаб будаанд.