ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Роҳи оҳани Эрон аз тавофуқ бо кишварҳои узви ИДМ барои хариди вагонҳои бории эронӣ ва тавофуқ барои сайри ин вагонҳо дар Узбекистону Тоҷикистон хабар дод.
Ҷаббораль Зокирӣ раиси роҳи оҳани Эрон ахиран цайд кардааст, ки дар сафар ба Узбекистон тавофуқе барои тавлиди вагонҳои борӣ дар дохили кишвар ва вогузорӣ ба яке аз ширкатҳои узви ИДМ матраҳ шуд.
Вай таъкӣд кард, ки яке аз дастовардҳои ин сафар, ҳамин тавофуқи аввалияе буд, ки ба сӯрати чаҳорҷониба ба имзо расид ва мутобиқи ин тавофуқ, 200 вагон арза хоҳад шуд.
Оцои зокирь илова кард, ки дар хусӯси муҷаввизи сайри вагонҳои Эронӣ дар кишварҳои Узбекистон ва Тоҷикистон ба тавофуқотӣ раседем ва протоколе байни ду кишвар низ ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки 8 ноябри соли 2023 Миёни Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти нақлиёти роҳи оҳан ёддошти тафоҳум байни ба имзо расида буд.
Ҳамзамон ахиран Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф Эронро шарики муҳимми Тоҷикистон дар минтақа хонд
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ чанде пеш қайд карда буд, ки дар чанд соли ахир густариши равобити иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Вай гуфт, ҳаҷми тиҷорати ду кишвар дар соли 2020-2021 ҳудуди 57 млн доллар буд ки дар соли гузашта ба 270 миллион доллар расид.
“Раисони ҷумҳурии ду кишвар тавофуқ карда буданд ки дар солҳои наздик ҳаҷми тиҷорат ба 500 млн доллар бирасад, ки ин раванди афзоянда, рушди ҳамкориҳои ду кишварро нишон медиҳад” - гуфт ӯ.
Инчунин сафири Тоҷикистон дар Эрон таъкид кард, ки дар ин чанд соли ахири 44 санади дуҷонибаи ҳамкории байни ду кишвар ба имзо расида аст.