Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар ИМА аз нокомии бузурги артиши Украина гуфтанд

Ба навиштаи рӯзномаи “The National Interest” артиши Украина бо вуҷуди истифода аз худравҳои зиреҳпӯши ҷангии “Брэдли” натавонистанд ягон пирӯзие ба даст биёрад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо вуҷуди истифодаи мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии сохти Амрико - Брэдли натавонистанд ба муваффақияти стратегӣ ноил шаванд.
Навиштааст дар ин бора собиқ корманди Конгресси ИМА ва таҳлилгари геополитикӣ Брэндон Вайкерт дар мақолае барои рӯзномаи “The National Interest”.
"Кувваҳои мусаллаҳи Украина натавонистанд як ғалабаи муҳими стратегӣ ба даст биёранд, имрӯз Русия тамоми қаламравҳои Украинаи Шарқӣ ва нимҷазираи Қримро, ки дар оғози низоъ гирифта буд, таҳти назорат қарор додааст", гуфт коршинос.
Вай қайд кард, ки нерӯҳои Украина дар ҷараёни задухӯрдҳо шумораи зиёди Брэдлиҳоро аз даст доданд.
Ба гуфтаи ӯ, чунин талафот дар артиши Амрико фалокатбор арзёбӣ мешавад.
Як рӯз пеш вазорати дифоъ хабар дода буд, ки артиши Русия рустои Волченкаи Ҷумҳурии мардумии Донетскро таҳти назорат гирифтааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Талафоти Украина дар Курск аз 31 ҳазор нафар гузашт
Ғайр аз ин сарбозони гурӯҳи "Марказ" шаш бригадаи Украинаро дар минтақаи Миролюбовка, Новотроитский, Новоселидивка, Красноармейск, Дзержинск, Шербиновка, Шевченко ва Димитров зарба зад, инчунин даҳ ҳамолаи ҷавобии артиши украина дафъ кардааснд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.