Данғараи боло Раҳмониёну Зулмобод Даҳбед шуд: ивази қариб 500 ҷойном дар Хатлон

Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ аз тағйири ҷойномҳо дар ҷануби Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Бо пешниҳоди маҷлиси вакилони вилояти Хатлон ва ҷонибдории ҳукумат ва парлумон аз ҷумла бисёре аз номҳои бозмонда аз замони шӯравӣ, аз қабили Коммунист, Комунизм, Ленинобод, Роҳи Ленинӣ, Октябр, Правда, Калинин, Правда ва ғайраҳо иваз гардиданд, ки бархеяшонро дар поин меорем.
Дар шаҳри Левакант, деҳаи Табақчӣ ба Косибон, Устотоймас ба Нурафшон, Тоҷикобод ба деҳаи Шоҳон, деҳаи Боҳтуробод-1 ба Гурдондеҳ, Боҳтуробод-2 ба деҳаи Баҳодурон, Эшонобод ба Яккачинор, деҳаи Оқгаза-1 ба деҳаи Хуррамдеҳ, Оқгаза-2 ба деҳаи Хушбод табдили ном карданд.
Дар ноҳияи Фархор деҳаҳои Шараф номи Қалъаи Пушкок, Муҳоҷиробод номи Ховарон, 1-Май - Пешаварон, Нурмат Сафаров – Дарёбод, Ваҳдат – Сурхкӯҳ, 5-солагии Тоҷикистон – Навдашт, Ботур Давлатов – Даҳбед ва деҳаи 25-солагии Тоҷикистон номи Соҳилобро гирифт.
Мурғоб, Марғоб ё Марғеб: Кумитаи забон гуфт, дар Тоҷикистон номҳои таърихиро эҳё мекунанд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номи ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ба Заркӯҳ, ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба деҳоти Хоҷамуъмин ва деҳаҳои Пушкин ба Лабирӯд, Кодара-1 - Кодара, Кодара-2 ба деҳаи Кодараи Пойин, Сафар Гадоӣ – Киштмайдон, Маслуқ – Барзгарон, Тутбулоқ – Тутчашма, Нуғай – Дулоназор, Туғул – Қуҳандиёр, Тудабоён – Корвонкаш, Қайрағоч – Қадамҷо ва номи Янгиюл ба Навдеҳ иваз шуд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Хуррамдиёр, деҳоти Гардӣ Гулмуродов номи Анористон, деҳаи Марказӣ Боргоҳ, деҳаи Пасариқ – Пасарғоб, Тоҷикобод – Рахшонзамин, Қаҳрамон - Паланггузар, Ҷомӣ – Корвонгузар, Қабодиён – Қубодиён, Зафаробод – Даштиработ, Асрор Раҷабов – Анорбоғ, Маҳрам Ҳотам – Офтобрӯ, Лоҳутӣ - Панҷшер, Умед – Тоҷварон, Қабодиёни деҳоти Деҳқонобод ба деҳаи Каёндеҳ, Шӯро – Самангон, Бештут – Панҷтут, деҳаи Тоҷикобод номи Озодшаҳрро гирифт.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ даҳҳо ҷамоату деҳаҳо тағйири ном хоҳанд кард.
Аз ҷумла иваз кардани номи ҷамоати деҳоти Калинин ба Навбаҳор, деҳаҳои Ӯзбекобод ба Балхиён, Бурбулоқ – Чашма, Панҷсола – Навкат, Ҳақиқат – Қатордеҳ, Янгиобод – Навдиёр, Қизилбайрақ – Бофандагон, Қизил-Юлдуз – Лабиоб, Қазоқобод - Кӯҳи Сурх, Маданият – Қатортут, Меҳнат – Гулмайдон, Янгиер – Хуррамзамин, Марат – Санамдеҳ, Тераклитоғ – Қадамҷо, 6-ум насос – Даштмайдон, Комсомол – Даҳана, Калининобод – Ҳунармандон, Болшевик – Чорсӯ, Иттифоқ – Лағмондиж, Карл Маркс - Оби Равон, Пахтаарал – Вахшрӯд, Телмон ба Обшорон иваз мегардад.
Ҳамзамон Узун – Шоҳроҳ, Уртабуз - Зартеппа, Правда – Сабздеҳ, Фурманов – Боғгаҳӣ, Янги Юл – Боғистон, Фрунзе – Муқимиён, Чкалов – Шӯрзамин, Будёний – Ангурзор, Ёвонобод – Ёвондеҳ, Коммунар - Ободдеҳ, Янги Турмуш - Ҳаёти Нав, Коммунаи – Шӯроб, Докучаев – Зардоман, Мичурин – Зарбахш, Роҳи Ленин - Зарводӣ, Гагарин – Лолазор, Ленинград – Корвонсарой, Энгелс – Файзкат, Шахтиёр - Заркон, Лоҳутӣ – Асадобод, Учқун – Камолиён, Максим Горкий – Талхачашма, Ленин – Зархез, Коммунист – Ганҷобод, Хлобкороб – Гулрез ва деҳаи Истгоҳи Киров бошад ба Вахё тағйир дода шуд.
Дар Тоҷикистон 4,8 ҳазор ҷойномро дигар карданианд: сабаб
Дар ноҳияи Ёвон деҳаҳои Зулмобод номи Меҳробод, Тилло Солиҳов – Ширинчашма, Қуймот – Челонзор, Бӯстон-1 – Бӯстондеҳ, Бӯстон-2 – Гулбоғ, деҳаи Тутбулоқ – Ширинтут, Сарқамиш – Бостондеҳ, Қашқараҳа – Қошгарраҳа, Қайнама - Ҳинддара, Сангимуғул – Сангимуғон, Парчасой - Парчарӯд, Қирғизобод – Ҳазордеҳ, Оқсанглоқ – Дӯстон, Мингчинор – Ҳазорҷанор, 1-Май – Наврӯзгоҳ, Бошқайнар – Кишоварзон, Чучу – Офтобрӯ, Чучуи поён – Гулзор, Чучуи боло номи Лолазорро мегирад.
Дар ноҳияи Восеъ ҷамоатҳои деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳоти Миралиобод, деҳоти Мирзоалӣ Вайсов ба деҳоти Бобошоҳиён ва деҳаи Қайнар ба Сардиж иваз мешавад.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро низ тағйирот дар ҷойномҳо фаро мегирад. Аз ҷумла ҷамоати деҳоти Шӯрообод ба Теҳрай, деҳаҳои Зулмобод – Даҳбед, Ирғайлук – Шибарзамин, Назарбой - Чашмаи Назар, Тошбулоқ – Сангчашма, Одинабой – Заргариён, Ургулӣ – Регак, Коргарон – Ҷангалак, Ялабулӣ – Ялдеҳ, Мирзоалӣ – Шоҳиён, Носир Бобо – Носиробод ва деҳаи Валиҷон ба Валиобод табдили ном мекунанд.
Дар ноҳияи Темурмалик низ номи ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов ба деҳоти Гурдоварон иваз мешавад.
Дар баробари ин деҳаҳои Тошбулоқ номи Кӯҳдоман, Бурдангал – Баҳодурон, Қазоқон - Гурдондеҳ, Давад – Заркамар, Нишон Болтаев – Нишеман, Ҳасанбег – Саидмуъминобод, Ойшабулоқ - Ойшачашма, Булақдашт – Чашма, Ҷайралӣ - Боғи Мирон, Танобчии поён - Танобчии Пойин, Қирма – Болодеҳ, Қушқияи боло - Кушки Боло, Қушқияи поён - Кушки Пойин, Қушқияи мобайн - Кушки Миёна, Боғитемур – Сайлакон, Товатош – Товасанг, Чилатош – Чиласанг, Ғурулдӣ – Хамдашт, Чилча – Диловарон, Олмабулоқ – Себзор, Меҳнатобод – Қалқаёр, Қарақамиш – Найистон, Олучабулоқ – Гулдоман, Чавроқ – Чавроғ, Сафарбоён - Хоҷаи Нур, Қариғоч – Чаманзор ва деҳаи Чалишиёни деҳоти Кангурт номи Соҳилобро мегирад.
Бо қарори Маҷлиси миллӣ дар ноҳияи Данғара деҳаҳои Сафобахш – Сафедоб, Туябуюн - Уштурак, Данғараи боло - Раҳмониён, Қуруқсой – Сомондеҳ, Фурӯдгоҳ – Зарнисор, Навбунёд – Чортут, Булакдашт – Даштчашма, Булёни Поён - Булёни Пойин, Дурахшон-2 – Гуларғоб ва Билисуф - Суфгарон ном гирифтанд.