ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни "Вахш Саноат"-ро ифтитоҳ кард.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дар масоҳати 15 ҳазору 325 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Қайд карда шудааст, ки корхонаи истеҳсолӣ аз сехи истеҳсоли қисмҳои оҳанини воситаҳои нақлиёт, қитъаи башаклдарории маҳсулоти фулузӣ, қитъаи кафшергарию сайқалдиҳии фулузот, сехи рангубордиҳии қисмҳои оҳанин, қитъаи рангдиҳию хушккунии ҷузъҳои калонҳаҷм ва хурдҳаҷми филизӣ, инчунин сехи васлу насби ниҳоии воситаи нақлиёт иборат мебошад.
Дар корхона истеҳсоли зиёда аз 30 намуди чунин воситаи нақлиёт, аз ҷумла 5 намуд мотосикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона вобаста ба талаботи бозори дохилӣ дар як моҳ то 800 воситаи нақлиёт ва дар як сол 9 ҳазору 800 ададро ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки воситаҳои нақлиёт босифат истеҳсол гардида, ба хориҷ низ содирот мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноати мошинсозӣ дар ноҳия ва дар маҷмуъ бо тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақвият бахшидани иқтидорҳои истеҳсолӣ, инчунин боз ҳам зиёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.