ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Артиши Украина сар оғози набардҳо дар вилояти Курск беш аз 30 ҳазор низомиашро талаф додааст.
Дар ин бора дар гузориши Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск хабар дода, гуфт, ки душман ҳамзамон дар баробари нерӯи зинда даҳҳо техникаро талаф дод.
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 30 ҳазору 50 сарбози худро аз даст доданд.
Илова бар ин Киев, 184 танк, 115 худрави ҷангии пиёданизом, 107 нафарбари зиреҳпӯш, 1088 зиреҳпӯш, 817 мошин, 261 тӯпхонаро талаф дод.
Илова бар ин душман дар ин самт, 40 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА.
Ҳамзамон Вазорати дифоъ хабар дод, ки ахиран нерӯҳои Русия дар ҶМД маҳалли аҳолинишини Степановкаро зери назорат гирифтанд.
Зимни набардҳо артиши Украина бо қувваҳои "Марказ"-и Русия ба ҷуз аз таҷҳизоти низомиёни зиёдашро аз даст додааст.