Ҳавасмандии Чин ба истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои табиӣ дар Суғд

Соҳибкорони чинӣ дар мулоқот бо роҳбарияти Суғд ҳавасмандии худро ба истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла офтоб баён доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо гурӯҳи соҳибкорон аз Чин таъкид кард, ки вилоят барои ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногунсамт омода аст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисивилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ , соҳибкорони чинӣ бо роҳбарии Чен Сунг бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони худ аз Тоҷикистон ба мамлакат ташриф овардаанд.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилоят ба соҳибкорону сармоягузорон доир ба вазъи кунунӣ ва имкониятҳои соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дода, таъкид кард, ки вилояти Суғд барои ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногунсамт омода аст.
“Дар вилояти Суғд бо ҷалби сармояи соҳибкорони чинӣ корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар оянда низ барои ташкили корхонаҳои нав захираву имкониятҳо фаровон аст”, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Тоҷикистон ва Чин иқтидори "Як камарбанд-як роҳ" -ро муштаракан рушд медиҳанд
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла офтоб ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи сармоягузорон барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳраки Сайҳун ҷалб карда шуд.
Зикр гардидааст, ки мулоқоти тарафҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.