ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ба гуфтаи вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар бист соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил дод.
Ӯ дар ин бора дар Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Кувайт баргузор гардид, хабар дод.
Вай гуфт, созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.
“75% аҳолии кишвар қуваи кории ҷавон ва маълумотнок ташкил медиҳад”,- гуфт ӯ.
Вазири тоҷик илова кард, ки 98% энергияи истеҳсолшударо энергияи сабз ташкил медиҳад
Завқизода илова кард, ки Тоҷикистон дорои фазои мусоиди сармоягузорӣ буда, дар кишвар инфрасохтор ва иқтидорҳои зиёд барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, саноати сабук, дорусозӣ, туризм, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ мавҷуданд.
Ӯ ҳамчунин ба як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳои андозиву гумрукии барои сармоягузорони хориҷӣ пешниҳодшаванда, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ишора намуда, афзуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи сармоягузорон аз тарафи давлат яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар форум сармоягузорони кувайтӣ барои сармоягузорӣ дар баъзеи онҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Ин иқдом ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.