ДУШАНБЕ, 5 ноя – Sputnik. Аз 3 то 5 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт қарор дошт.
Зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвар, аз ҷумла бо Амири Давлати Кувайт ва Валиаҳд дидору мулоқот кард.
Аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт 9 санади нав, ки робитаҳоро дар сиёсати хориҷӣ, танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ, тиҷорат, саноат, ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, тарбияи ҷисмонию варзиш ва сайёҳӣ танзим менамояд, ба имзо расид.
Сафари Президент ба Кувайт аз он лиҳоз пурмаҳсул буд, ки зимни он раисҷумҳур ҳамчунин дар Конфронси байналмилалии марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ дар конфронс Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ таъкид намуд.
Рӯзи 4 ноябр дар ҳошияи ин сафар ҳамчунин дигар чорабиниҳо, аз қабили Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Кувайт, намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” баргузор гардид.
Ҷараён ва натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ва иштироки ӯ дар конфронси сатҳи баланд дар даҳҳо расонаҳои ин кишвар, аз ҷумла дар рӯзномаву маҷаллаҳо, агентиҳои иттилоотӣ ва радиову телевизион ба таври васеъ инъикос ёфт.
Ба монанди маросими истиқбол ҳамчунин гусели раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт бо шукуҳи хоса баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ин кишвари дӯст самимона гусел намуданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ал-Кувайт ба Ватан баргашт.