ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Давлати Кувайт 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ санадҳои нави ҳамкорӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ ба имзо расид.
Манбаъ қайд кардааст, ки санадҳои нави ҳамкорӣ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Иттилоъ дода шудааст, ки аз нӯҳ санад 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо ва 4-тои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба имзо расидааст.
Тарафҳо санадҳои зеринро ба имзо расонидаанд:
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷи Давлати Кувайт;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Давлати Кувайт “Kuna”;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия;
Барномаи иҷроияи Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солхои 2024-2026.
Ёдовар мешавем, ки 3 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе" ба Давлати Кувайт сафар намуд.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Прокурори генералӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.