Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллии Русия дар Душанбе

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки ваҳдати миллатҳо ва ягонагии давлат бо калисо барои озод кардани Русия аз истилогарони поляк дар соли 1612 кумак кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар Душанбе ҷашни миллии Русия - Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Консерт ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди калисои Николаси муқаддас баргузор шуд.
Тавре сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар ин маросим гуфт, маҳз ягонагии миллатҳо, инчунин ягонагии давлат ва калисои православии рус боиси озодшавии Русия аз истилогарони поляк шуд.
"Инро воқеаҳои соли 1612 нишон дод ва инро Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941—1945 пурра тасдик кард”, — таъкид намуд у.
Зимни консерти идона меҳмонон баромаду мусиқиҳои гуруҳҳои "Славян", "Южний Форпост", "Русские ложки" ва "Русские пляски", гурухи вокалии "Серебрянний расвет", "Дуслик" ва дигаронро тамошо карданд.
Дар фарҷоми таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ бозии анъанавии лотерея ва чорабинии хайриявӣ барои парасторони шӯъбаи иҷтимоии епархияи шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон: аз ҷанг то сулҳ
Дафтари матбуоти сафорат тавзеҳ додааст, ки ба 600 нафар ҳамватанони камбизоат бастаҳои ғизоӣ дода шудааст.
Дар Русия ҳамасола 4 ноябр ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ таҷлил мешавад. Ин ҷашн соли 2005 таъсис ёфта, аз он замон рӯзи истироҳат аст.
Маҳз 4 ноябри соли 1612 дастаи сипоҳи мардумӣ бо роҳбарии Кузма Минин ва княз Дмитрий Пожарский Москваро аз истилогарони поляк озод карданд.
Бо ихроҷи полякҳо давраи тӯлонии замони мусибатҳо дар Русия ба охир расид ва пас аз чанд моҳ подшоҳи нав - намояндаи сулолаи Романовҳо Михаил Федорович интихоб шуд.