ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафари расмияш ба Ал Кувайт нахуст бо Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ дидору мулоқот кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, музокиротҳо хоса ва бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифт.
"Мо Давлати Кувайтро шарики боэътимоди худ дар минтақа ва ҷаҳон медонем ва омодаем, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем"- изҳор доштааст Раҳмон.
Ҷонибҳо дар дидор аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, таваҷҷуҳи зиёдро ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир кардаанд.
Дар ин робита бештар фаъол намудани Комиссияи муштараки миёниҳукуматӣ, таъсис додани Шурои соҳибкорони ду кишвар ва Фонди муштараки сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.
Баргузории анҷуманҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молу маҳсулот низ ба нафъи ду кишвар дониста шуд.
Ҷалби сармояи кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургия, кишоварзӣ ва дорусозӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.
Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи фарҳангиву башарӣ низ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар унвон гардид.
Ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум миёни кишварҳо оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ дар ҳошияи музокирот имзо кардаанд, ки гуфта мешавад, барои ҷонибҳо судбахш аст.
Дар фарҷоми дидор Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Кувайт даъват намудааст, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.