ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Шаҳрванди ИМА Даниел Мартиндейл, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар тарҳрезии ҳамлаҳо ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украина кӯмак кардааст, дар Маскав қарор дорад ва дар маркази матбуотии гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" нахустин нишасти матбуотӣ баргузор кард.
Ӯ аз ҷумла ба суол дар бора он ки кай Украина ба ҷанг хотима медиҳад, чунин посух дод.
Ба таъкиди ӯ, замоне, ки Иёлоти Муттаҳида тасмим мегирад, ки пуштибонӣ аз Украина барои онҳо дигар фоидаовар нест, он замон ҷанг ба охир мерасад.
"Дар як марҳила Амрико тасмим мегирад, ки пуштибонӣ аз Украина дигар барои онҳо фоидаовар нест ва он замон ин ҷанг анҷом еёбад. Ҳар қадар ин тасмим барвақттар гирифта шавад, ҷанг ҳамон қадар тезтар хотима меёбад", - гуфт Мартиндейл дар нишасти матбуотии маркази матбуотии гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня".
Нерӯҳои амниятии Федератсияи Русия рӯзи шанбе ба хабаргузории РИА Новости иттилоъ доданд, ки нерӯҳои амниятӣ аз қаламрави таҳти назорати қувваҳои мусаллаҳи Украина шаҳрванди ИМА Даниел Мартиндейлро берун оварданд.
Мавсуф аз моҳи феврали соли 2022 дар Украина қарор дошт ва чандин маротиба ба фоидаи Русия кор мекард.
Ӯ чандин маротиба координатҳои низомиёни украиниро дар ихтиёри Русия гузашт, ки дар натиҷа техника ва ҳайати шахсии нерӯҳҳои Украина нобуд карда шуд.
Қаблан, моҳи октябр ситоди дифои ҶМД хабар дод, ки шаҳрванди Амрико дар омода кардани ҳамла ба деҳаи Богоявленка дар самти Угледар нақши муҳим бозид.