Ошкори беш аз 2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ба буҷаи вилояти Суғд

Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд аз беш аз 2 миллион сомонии зарар молиявӣ, ки ошкор шуд, 1,2 млн сомонӣ ба буҷети вилоят барқарор гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд аз ошкори зарари калон ба буҷаи вилоят аз сӯи бархе аз идораву ташкилотҳо хабар доданд.
Тавре ахиран дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Тоҷикистон дар вилоят дар 259 ташкилоту муассиса, аз ҷумла тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 18 ташкилот аудиту таҳлил гузаронда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ташкилотҳо ба маблағи умумии 2054,5 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Таъкид шудааст, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 623,3 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1017,4 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурўш ва иҷораи амволи давлатӣ 72,6 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 72,7 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо 268,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Даромади умумии буҷети давлатӣ то соли 2027 наздик ба 58 млрд сомонӣ мерасад
Қайд карда шудааст, ки аз маблағи умумии зарари молиявӣ 1192,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шудааст.
Инчунин, мақомоти Суғд зикр кардааст, ки зимни гузаронидани аудит камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 1871,1 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.
“Маблағи мазкур пурра барқарор карда шуд”,- қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки аз натиҷаи аудитҳои гузаронида 24 маводи аудит, ба маблағи умумии 1213,9 ҳазор сомонӣ, барои баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.