Даромади умумии буҷети давлатӣ то соли 2027 наздик ба 58 млрд сомонӣ мерасад

Тарвре раисҷумҳури кишвар дар ҷаласаи ҳукумати кишвар гуфт даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,5 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ахиран дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раисҷумҳури Тоҷикистон буҷети давлатии кишвар барои соли 2025 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа таъкид кард, ки даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,5 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6,6 миллиард сомонӣ ё 15,4% зиёд мебошад.
Вай афзуд, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2025-ум 29,9 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил хоҳад дод.
Даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 35,5 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6,5 млрд сомонӣ ё 22,5 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст.
Супориши Раҳмон дар бораи тақвияти кори намояндагӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар хориҷ
Роҳбари давлат қайд кард, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 51,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024-ум 7,5 млрд сомонӣ ё 17 фоиз зиёд буда, ба 31,1% маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли оянда баробар мебошад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат таъкид кард, ки таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар дар сиёсати молиявии Ҳукумати кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
“Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 23,9 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки 46,3% ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,4% маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад”- зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон дар соли 2025 барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети давлатӣ 15,2 млрд сомонӣ равона карда мешавад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 53,4 млрд сомонӣ ва дар соли 2027-ум 57,6 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2026 ба маблағи 54,9 млрд сомонӣ ва соли 2027 дар доираи 59,3 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Раҳмон хостори қатъи парвандасозиҳо барои лайк ва беҳбуди кори намояндагиҳо дар Русия шуд
Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2025 ва дурнамои он барои солҳои 2026-2027 дар назди вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки баъди баррасӣ қарори Ҳукумати кишвар оид ба буҷети давлатӣ барои соли 2025 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 қабул карда шуд.