ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе тибқи нақшаи нави генералии шаҳр васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ хоҳад шуд.
“Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст”, - қайд кардааст шаҳрдорӣ.
Шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки васеъшавии шаҳр ба хотири зиёдшавии аҳолӣ сурат мегирад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ давоми чанд соли охир афзоиши босуръати аҳолӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар пойтахт 1 миллиону 241 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат менамоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ, бо назардошти бақайдгирии таваллуд, фавт ва муҳоҷират шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 10 277,1 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ маҳз ба ҳимн хотир дар шаҳри Душанбе барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки масоҳати шаҳри Душанбе то 01 июли соли 2019 – 203,18 км мураббаъ буда, дар водии Ҳисор, дар баландии 750 – 930 метр аз сатҳи баҳр, дар ду тарафи соҳили дарёи Душанбе (дар қисмати болооби дарёи Варзоб) ҷойгир аст.
Шаҳр дорои чор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.