Қарзи хориҷии ИИАО дар нимсолаи аввал 34 млрд доллар коҳиш ёфт

Комиссия иқтисодии АвруОсиё ахиран дар бораи коҳиши қарзи берунаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қарзи хориҷии кишварҳои узви ИИАО дар маҷмӯъ 34 млрд доллар ё 6% коҳиш ёфтааст.
Камшавии қарзи беруна ба ҳолати 1 июли соли 2024 (нисбат ба соли гузашта) дар аксари кишварҳои ИИАО ва нисбат ба ММД ба қайд гирифта шудааст.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кардааст, ки чунин коҳишёбии қарзи хориҷӣ дар кишварҳои узв дар соли 2016 то 2018 ба қайд гирифта шуда буд.
Ба гуфтаи ин комиссия, дар сохтори қарзи хориҷӣ дар Арманистон, Белорус ва Қирғизистон қарзи давлатӣ, дар Қазоқистон қарзи сармоягузории мустақим ва дар Русия қарзи бахшҳои дигар бартарӣ доштааст.
Табодули колои Афғонистон бо яке аз кишварҳои ИИАО ба 3 миллиард доллар мерасад
Дар баробари ин, бештарин пӯшонидани қарзи хориҷӣ аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ дар Русия (196,6%) таъмин карда шудааст.
Дар дигар кишварҳои узви ИИАО ин нишондиҳанда дар давраи ҳисоботӣ аз 21,7% дар Арманистон то 33,3% дар Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.