ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар вилоят аз ҳисоби заминҳои обӣ дар 120 719 гектар пахта кишт шудааст, .
Қайд карда шудааст, ки пахтакорӣ ва коркарди ниҳоии "тиллои сафед" яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо шарикони рушд арзёбӣ мегардад.
Ҳамин тавр барои афзоиши кишти пахта дар вилояти Хатлон мақомоти ин вилоят бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои ҷалби сармоя, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати "Хinjiang Shihezi Development"-и Чин масоили афзоиши кишти пахта дар ин вилоятро баррасӣ намуданд.
Ширкати чинӣ изҳор доштааст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ ин ширкат дар вилояти Хатлон тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифта, тасмим дорад, ки заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ дарорад.
Ҳамчунин, ширкат мехоҳад бо ҷалби техникаҳои муосири чинӣ корро дар самти истеҳсоли ин зироати техникӣ ба роҳ монад.
ДАр ҳамин ҳол мақомоти вилояти Хатлон қайд кардааст, ки дигар ширкатҳои чинӣ дар вилояти Хатлон, ки то андозае дар ин самт муваффақ шудаанд мехоҳанд ин иқдомро дар оянда низ пурзӯр намоянд ва дар иҷрои дурнамои кишт ва истеҳсоли пахта дар вилояти Хатлон саҳми назаррас гузоранд.
Раиси вилоят дар и н мулоқот изҳори умедворӣ кард, ки мулоқоти ахир дар ҳалли масоили мубрами ҳамкориҳои ҳар ду ҷониб заминаи мусоид мегузорад.