Дар Тоҷикистон аз 800 кони мавҷуда зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ мешавад

Ба гуфтаи мақомот, ҳоло дар конҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар маросими Форуми байналмилалии сармоягузории истихроҷи маъдан ва металлургӣ, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, зикр гардид, ки саноати маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби рушд дорад.
Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа барои дарозмуддат кофӣ аст.
“Ин омил барои пешрафти саноати маъдани куҳӣ заминаи қавӣ ба вуҷуд меорад”, - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ 800 кони маъданҳои фоиданок, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир ошкор ва қисман барои коркард омода шудаанд.
“Аз ин миқдор ҳоло дар конҳое, ки фаъолият доранд, зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад”, - гуфт ӯ.
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон миллиардҳо сомонӣ афзудааст
Қайд гардидааст, ки дар кишвар захори ҳангуфти мис, марганец, алюминий, рух, литий, графен, палладий, никел, платина ва металлхои нодир вуҷуд дорад, ки бидуни онҳо гузариш ба энергияи сабз ғайриимкон аст.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи натоиҷи ҳамоиш дар назар аст, ки ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо бирасад, ки ба ҷалби сармояи мустақим ба саноати кӯҳии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.