ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Русия ҳаҷми ҳамлу нақли боркашониро 6%, Қазоқистон 7%, Қирғизистон 8,6% афзоиш додааст.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ин манбаъ дар Арманистон боркашонӣ - 13,2% кам шудааст.
Тибқи маълумоти омори Комиссияи иқтисодии Авруосиё ҳаҷми ҳамлу нақли боркашонӣ тавассути тамоми намудҳои нақлиёт дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар ҳашт моҳи соли 2024 чунин аст:
Русия — 6232,2 миллион тонна. Ин рақамназар ба соли гузашта 353,5 миллион тонна ё худ 6 фоиз зиёд аст.
Казокистон — 685,7 миллион тонна. Ин назар ба соли гузашта 44,8 миллион тонна ё худ 7 фоиз зиёд аст.
Қирғизистон — 32,8 миллион тонна. Ин назар ба соли гузашта 2,6 миллион тонна ё худ 8,6 фоиз зиёд аст.
Дар Арманистон — 10,5 миллион тонна. Ин назар ба соли гузашта 1,6 миллион тонна ё худ 13,2 фоиз кам аст.
Ин дар ҳолест, ки Комиссияи иқтисодии Авруосиёмаълумот дар бораи ҳамлу нақли боркашонӣ дар Беларус пешниҳод накардааст.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.