Дар Тоҷикистон барфи аввал борид

Моҳи дуюми тирамоҳ ҳанӯз ба охир нарасидааст ва дар баъзе манотиқи Тоҷикистон аллакай наздик шудани зимистонро эҳсос кардан мумкин аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Сокинони ноҳияи Деваштич аввалин нишонаҳои зимистонро дар Тоҷикистон диданд.
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад, барфи аввалин дар деҳаи Каҷровут борид.
Баргхои зардшуда хануз нарехтаанд, вале дарахтон аллакай сафедпуш шуданд.
1 / 4
Первый снег в кишлаке Каджровут район Деваштич
2 / 4
Первый снег в кишлаке Каджровут район Деваштич
3 / 4
Первый снег в кишлаке Каджровут район Деваштич
4 / 4
Первый снег в кишлаке Каджровут район Деваштич
Барфи аввал ногаҳонӣ омад, зеро заминдорон дар вилояти Суғд ҳанӯз ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд.
Дар ҳамин ҳол, дар Душанбе то ҳол боронҳои шадид гоҳ-гоҳ меборад, ҳарорати ҳаво шабона то 8-10 дараҷа ва рӯзона хеле гарм - 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Тоҷикистон чор рӯзи оянда барфу борон меборад
Маврид ба зикр аст, ки дар мавриди номусоидии обу ҳаво қаблан Агентии ҳавосанҷӣ ҳушдор дода буд.
Ин ниҳод гуфт, ки сокинони баланкӯҳи кишварро барф интизор аст ва доманакуҳу ҳамвориҳо бошад, боронҳои зиёд мешавад.